Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин паёми солонаи Буш ба Конгресси ИМА


Ҷорҷ У. Буш ҳангоми ироъаи паёми худ
Ҷорҷ У. Буш ҳангоми ироъаи паёми худ

Дар паёми худ раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба вазъ дар Ироқу Афғонистон, барномаи ҳастаии Эрон ва бӯҳрони иқтисодӣ дар Амрико тамаркуз кард.

Вакилони ҳарду палатаи Конгресс ӯро бо кафкӯбӣ истиқбол карданд ва чанд лаҳзаи аввал раисиҷумҳур бо ҳампаймонҳояш аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон дастфишорӣ намуд.
Дар паёми солона, тавре интизор мерафт, раҳбари Амрико ба масоили мубрам, аз ҷумла вазъи Ироқу Афғонистон, барномаи ҳастаии Эрон ва буҳрони иқтисодӣ дар Амрико, тамаркуз кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки худ бо мардуми Эрон ягон мушкил надорад ва аз мақомоти ин кишвар даъват кард, ки аз чанд иқдом, аз ҷумла қатъи ғанисозии ураниум, кор бигиранд.
Дар робита ба Ҷ. Буш гуфт, ки интиқоли 30 000 нерӯи иловагии низомии амрикоӣ ба коҳиши хушунат дар ин кишвар мусоидат кардааст. Ӯ афзуд, ки дар Ироқ ҳанӯз задухӯрдҳои шадид дар пешанд. Дар ҳамин ҳол ӯ изҳори итминон кард, ки стротежики Амрико дар ниҳояти кор ба пирӯзии нерӯҳои Эътилофи таҳти фармони ИМА меоварад.
Раҳбари Иёлоти Муттаҳида ба мавзӯъи Афғонистон низ дахл кард ва бори дигар тайид кард, ки ба хотири мубориза бо Толибон ва тамрини нерӯҳои амниятии Афғонистон боз 3 000 сарбози амрикоӣ вориди ин кишвар хоҳад шуд.
Ҷорҷ Буш дар робита ба вазъи феълии иқтисоди Амрико иқрор кард, ки ҳарчанд кишвар дар марҳалаи хеле душвор қарор дорад, амрикоиҳо метавонанд ба бурун рафтан аз вазъи феълӣ ва рушди иқтисоди кишварашон мутмаин бошанд.
Паёми солонаи раисиҷумҳур дар Конгресс дар ҳоле ироъа шуд, ки нуфузи Ҷорҷ Буш миёни амрикоиҳо хеле паст шудааст ва, тибқи назарсанҷиҳо, айни ҳол фақат 34 дарсади сокинони кишвар аз сиёсати ӯ пуштибонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG