Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барандаи қазоқ соҳиби чаҳоряк миллион доллар мешавад.


Он варзишгарони Қазоқистон, ки дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Пекин баранда мешаванд, аз ҷониби ин кишвар соҳиби ҷоизае мегарданд ба миқдори 250 ҳазор доллари амрикоӣ.

Тавре Елсиёр Қаноатов, раиси Идораи тимҳои миллии кишвар ва захоири варзишии Қазоқистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин, барои дорандагони нишонҳои нуқра ва биринҷӣ низ ҷоизаҳои баланд муқаррар гардидаанд.

Ӯ гуфт, ҳукумати Қазоқистон барои онҳое, ки мақоми дувумро касб мекунанд, 150 ҳазор доллар ва барои ҷои сеюм 75 ҳазор доллар ҷоиза хоҳад дод. Ҳукумати Қазоқистон он варзишгаронашро, ки дар Пекин то ҷои шашумро ба даст меоранд, соҳиби ҷоизаҳои пулӣ мегардонад. Мувофиқан, ин ҷоизаҳо 30 ҳазор, 10 ҳазор ва 5 ҳазор доллари амрикоианд.

Оқои Қаноатов таъкид намуд, ҷоизаи имсола баландтарин ҷоизаест, ки дар таърихи хеш Қазоқистон барои варзишгаронаш мукаррар кардааст. Ба гуфтаи вай, дар Афина Қазоқистон барои ҷои аввал 100 ҳазор доллар ҷоиза муайян карда буд ва онро як варзишгар соҳиб шуда буд.

Тавре корманди масъули риштаи варзиши Қазоқистон гуфт, алъон кишвараш 69 муҷаввизи бозиҳои олимпиро соҳиб шудааст ва имкон дорад, шумораи варзишгарони ширкаткунандаи бозиҳои олимпии ин кишвар то ба 100 -110 нафар бирасад ва албатта, дар байни онҳо довталабони нишонҳои тилои ин мусобикаи бузурги ҷаҳонӣ хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG