Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми тифлрабоён дар Фаронса


Додгоҳи Фаронса шаш корманди як созмони хайрияи кишварро бо иттиҳоми кӯшиши дуздидани беш аз 100 тифли африқоӣ 8- солӣ маҳкум ба зиндон кард. Ҳангоми мурофиа муҷримон гуфтанд, ки онҳо мехостанд ба кудакони ятиммондаи вилояти Дорфури Судон кумак расонанд. Ҳамаи онҳо дар Чад боздошт шуданд ва зимни тафтишот маълум шуд, ки кудакон на аз минтақаи Дорфур, балки асосан аз Чаданд ва бештари онҳо волидайн ҳам доранд.

Додгоҳи Чад фаронсавиҳоро барои ҳашт сол маҳкум ба корҳои иҷборӣ кард. Ва аммо баъдан мақомоти Чад барои истирдоди онҳо ба Фаронса розӣ шуданд ва аммо шарт гузоштанд, ки ҳукми додгоҳи кишвар аз сӯи додгоҳи Фаронса ҳам тайид шавад.

XS
SM
MD
LG