Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ҷонибдорони "Ал-Қоида" дар Туркия


Додгоҳи Туркия 17 нафарро бо гумони ҳамдастӣ бо созмони "Ал-Қоида" равонаи зиндон кард. Ба иттилоъи хабаргузории расмии Анатолиа, миёни онҳо як зодаи Чеченистон низ ҳаст. Чаҳор рӯз пеш кормандони пулис дар мавзеъҳои Ғозиёнтеппа ва Қаҳрамонмарас 25 нафарро барои он боздошт карданд, ки ба иттилоъи истихборотӣ, мехостанд як мошини ҳомили маводи таркандаро инфиҷор кунанд. Додгоҳи Ғозиёнтеппа панҷ нафари онҳоро муваққатан раҳо намуд ва дар баробари се нафари дигар ягон далел барои ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ пайдо накард.

XS
SM
MD
LG