Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳодияи Аврупо ва Сербия созиши сиёсӣ мекунанд


Иттиҳодияи Аврупо ба Сербия пешниҳод кард, ки рӯзи 7 феврал, баъд аз даври ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳур, як созиши муваққатии сиёсиро имзо намоянд. Баъд аз нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел хабар дода шуд, ки ба ҷойи Созиш дар бораи эътидол ва ҳамкорӣ имзои санади дигар - Созиш дар бораи тиҷорат ва масоили марбут ба раводид дар назар аст. Ба имзои санади аввалӣ Ҳуланд розӣ нашуд, зеро ин кишвар аз ҳамкории Сербия бо Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ё Гаага қаноатманд нест.

Рӯзи 3 феврал дар даври ниҳоии интихоботи президентии Сербия раисиҷумҳури феълӣ Борис Тадич ва миллатгаро Томислав Николич сабқат мекунанд. Николич дар даври аввал бештари раӣъҳоро ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG