Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Теҳрон аз қабули қатъномаи нав


Манучеҳр Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон аз "паёмадҳои ҷидди"-и пазируфта шудани қатъномаи нави Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар баробари Теҳрон ҳушдор дод. Изҳороти Муттакӣ баъд аз он пахш шуд, ки рӯзи душанбе ҳайатҳои 15 кишвари узви Шӯрои амният дар музокироти ғайрирасмӣ дар Ню-Йорк тарҳи қатъномаи навро баррасӣ карданд. Дар ин тарҳ аз Эрон тақозо шудааст, ки ғанисозии ураниумро қатъ кунад.

Қаблан эълони таҳримҳои нав алайҳи Теҳронро вазирони хориҷаи панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба изофаи Олмон дар як нишаст дар Берлин пазируфта буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG