Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми охирини Ҷорҷ Буш ба Конгресси ИМА


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида барои охирин бор паёми солонаи худ дар Конгрессро ироа кард. Дар паёми худ, тавре интизор мерафт, раҳбари Амрико рӯи масоили мубрам, аз ҷумла, вазъи Ироқу Афғонистон, барномаи ҳастаии Эрон ва бӯҳрони иқтисодӣ дар Амрико тамаркуз намуд.

Ҷорҷ Буш аз ҷумла гуфт, ки ӯ бо мардуми Эрон ягон мушкил надорад ва аммо аз мақомоти ин кишвар даъват кард, ки аз чанд иқдом, аз ҷумла, қатъи ғанисозии ураниум кор бигиранд. Дар робита ба Ироқ раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки интиқоли 30 ҳазор неруи иловагии амрикоӣ ба коҳиши хушунат дар ин кишвар мусоидат кардааст. Ӯ афзуд, ки дар Ироқ ҳанӯз задухурдҳои шадид дар пешанд ва аммо изҳори итминон кард, ки стротежики Амрико дар ниҳояти кор ба пирӯзии неруҳои Эътилофи таҳти фармони ИМА меоварад.

Раҳбари Иёлоти Муттаҳида ба мавзӯъи Афғонистон низ дахл кард ва бори дигар тайид кард, ки ба хотири мубориза бо Толибон ва тамрини неруҳои амниятии Афғонистон боз се ҳазор афсари сарбози амрикоӣ вориди ин кишвар хоҳад шуд.

Дар робита ба вазъи феълии иқтисоди Амрико Ҷорҷ Буш иқрор кард, ки кишвар дар марҳалаи сангин қарор дорад ва аммо афзуд, амрикоиҳо метавонанд ба бурун рафтан аз вазъи феълӣ ва рушди иқтисоди кишварашон мутмаин бошанд.

XS
SM
MD
LG