Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусолиҳа дар парвандаи хабарнигорони "Овоза"


Хабарнигорони "Овоза" - Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова

Хабарнигорони "Овоза" - Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи хабарнигорони хафтаномаи «Овоза»-ро лағв намуд ва бо ҳамин баҳси мазкур бо мусолиҳа анҷомид.

Хабарнигорони хафтаномаи мазкур - Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова дар таҳқири шахсият, бӯҳтон ва мудохила ба зиндагии шахсии Райҳона Раҳимова, овозхони тоҷик, муттаҳам дониста мешуданд. Овозхон Райҳона Раҳимова ниҳоят ба ин хулоса омад, ки бо хабарнигорон сулҳ кунад.

Ба гуфтаи Баходур Исматзода, вакили мудофеъи Райҳона Раҳимова, Райҳона ҷавон будани духтарони хабарнигорро ба инобат гирифта, онҳоро бахшид. Вай афзуд, «ҳарчанд духтарон то охир Райҳона Раҳимоваро нафаҳмиданд, вале Райҳона раҳмдилӣ намуда, гуноҳи духатаронро бахшид. Вай ҳуқуқ дошт, мувофиқи қонун онҳоро бахшад».

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, гуфт, оштӣ пешниҳод намудани Райҳона Раҳимова бори аввал нест. Вай афзуд, ҷониби ҷабрдида ба хабарнигорон чанд дафъа оштӣ пешниҳод карда буд, вале шарт гузошта буд, ки хабарнигорон аз ӯ узр бипурсанд, вале хабарнигорон гуфтанд, ки онҳо гуноҳе накарданд ва дар доираи қонунгузориҳои Тоҷикистон амал кардаанд аз ин хотир онҳо бахшиш нахоҳанд пурсид. Аммо ин дафъа Райҳона Раҳимова бо як ариза пешниҳод намудааст, ки бидуни узрпурсии рӯзноманигорон сулҳ мекунад.

Саида Қурбонова, як тан аз рӯзноманигороне, ки муттаҳам дониста мешуд, натиҷаи ин баҳсро ки бо мусолиҳа анҷомид, пирӯзии матбуот медонад. Вай гуфт, «ман фикр мекунам, ин пирӯзии бевоситаи рӯзноманигорон аст. Мо аз ин пирӯзӣ таҷриба гирифтем, ки чӣ гуна ҳуқуқҳои худро дар беадолатиҳо бояд ҳимоя кунем».

Моҳи июли соли 2007 дар асоси даъвои Райҳона Раҳимова, овозхони тоҷик, аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ алайҳи Саида Қурбонова, сардабири собиқи ҳафтаномаи «Овоза», инчунин Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова, хабарнигорони Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, бо иттиҳоми таҳқири шахсият парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, ки он таи ҳафт моҳ идома ёфт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG