Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин ваъдаи ширкати "Барқи тоҷик"?


Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик»

Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик»

Ширкати «Барқи тоҷик» аз эҳтимоли пеш омадани як ҳолати изтирорӣ ва дучори бебарқӣ шудани кишвар дар авоили моҳи феврал ҳушдор дод.

Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», ки ахиран дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон барои бемасъулиятӣ дар таъмини сокинон бо барқ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон мавриди интиқод қарор гирифт, гуфт, ки сармои шадид ва коҳиши мизони об дар обанбори нерӯгоҳи Норак барои бавуҷудойии ин вазъ сабаб шудааст.

Оқои Самиев афзуд, сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи Норак ҳоло ба 863 метр мерасад ва ин маънои онро дорад, ки захираи об дар обанбор то 7 метри дигар боқӣ мондааст ва то ду ҳафтаи дигар кофӣ хоҳад буду тамом. Вай гуфт, «ҳамасола мо то садди 910 метр оби обанбори Норакро захира мекунем. Аз оғози фасли пойиз ҳамарӯза аз 10 то 20 сантиметр сатҳи об поин мешавад. Рӯзҳои охир ба баҳонаи сармои шадид ва кам омадани об рӯзона сатҳи оби обанбори Норак аз 60 то 70 сантиметр поин рафт».

Ба қавли Самиев, «агар воридоти барқро аз беруни кишвар зиёд накунем ва ё тадобири мушаххасе наандешем, дар вазъи ногуворе хоҳем монд. Аммо ҳич вақт нерӯгоҳи Норак аз кор бознамемонад. Агар захираи оби обанбори Норак ҳам тамом шавад, бо оби меомада кори нерӯгоҳро идома медиҳем. Фақат тавлиди барқ дар кишвар кам мешавад. Агар ҳоло ҳудуди 36 миллион киловатт/соат нерӯи барқ тавлид кунем, он вақт ин рақам ба 25 миллион киловатт соат хоҳад расид».

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, дар вазъи изтирории пешмеомада давлатҳои Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон ба андозаи тавони худ кӯмак хоҳанд кард, бо вуҷуди он ки ин ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон низ аз камбуди барқ азият мекашанд. Вай гуфт, шурӯъ аз 29 январ вуруди барқи Қирғизистон ба Тоҷикистон шурӯъ мешавад ва як ҳайъати ҳукуматӣ барои гуфтушуниди вуруди барқи комил аз Туркманистон ба он кишвар сафар хоҳанд кард.

Бо вуҷуди имзои мувофиқаномаҳо бо Туркманистон ва Узбакистон, дар як рӯз ба андозаи 130 мегаватт нерӯи барқ аз Ишқобод ворид мешавад. Ба далели сардии ҳаво дар Узбакистон содироти барқ аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар оғози моҳи январ мутаваққиф шуда буд. Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», ҳамчунин гуфт, ки ба далели коҳиши мизони тавлиди нерӯи барқ дар кишвар интиқоли барқ ба ҳамсоякишвари Афгонистонро қатъ кардаанд.

Бо ин ҳама оқои Самиев ваъда дод, ки ин номуназзамӣ дар кори онҳо барои охирин бор буд ва дар зимистонҳои дигар ин вазъ такрор нахоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон барои беҳбуд бахшидан ба вазъи энержии кишвар ба раиси ширкати «Барқи тоҷик» шаш моҳи дигар мӯҳлат муқаррар кардааст.

XS
SM
MD
LG