Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати СММ ба татбиқи корпояи зидди фасод


Антонио Мариа Коста -- Мудири иҷроии Дафтари СММ бар зидди маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ.
Антонио Мариа Коста -- Мудири иҷроии Дафтари СММ бар зидди маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ.

Дар конфаронси Индунезӣ изҳори ҳамназарӣ шуд, ки бидуни ҳамкории байни давлатҳо иҷрои Қатъномаи зидди фасод номумкин хоҳад буд.

Намояндагони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон дар ҳоле дар Нуса Дуаи Индунезӣ конфаронси зиддифасоди Созмони Милали Муттаҳидро боз карданд, ки хабари даргузашти президенти собиқи ин кишвар Суҳарто ба рӯи ин маҳфил соя меандохт. Садри маҷлис ва ҳозирон, ки барои баррасии шеваҳои бозгардони сармояҳои рабудаи раҳбарон ҷамъ омада буданд, бо як дақиқаи сукут хотираи шахсеро гиромӣ доштанд, ки ба дуздидани 15 то 35 миллиард доллар сармояи мардуми индунезӣ айбдор мешавад.

Бархе аз вазирони Индунезӣ эътироф мекунанд, ки давраи 32-солаи президентии Суҳарто фасодзадатарин давраи таърихи ин кишвар буд, аммо дар чунин рӯз, яъне баъд яз як рӯзи даргузашти вай гуфтугӯро дар бор бора ахлоқӣ намешуморанд.

Мавзӯъи асосии конфаронси Созмони Милал роҳҳои иҷрои Қатъномаи зидди фасод аст, ки аз тарафи 107 давлати ҷаҳон ба тасвиб расид ва се сол аст, эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Ширкаткунандагони конфаронс дар як маврид ҳамназаранд, ки бидуни ҳамкориҳои байнидавлатӣ кашф, мусодира ва бозгардони сармояҳои рабудашуда номумкин мебошад. Намояндагони аршади СММ ва Бонки Ҷаҳонӣ гуфтанд, солона тақрибан якуним тириллион доллар аз роҳи фасод, фаъолиятҳои ҷиноӣ ва напардохтани молиёт рабуда мешавад.

Сухангӯи созмони байнулмилалии Шаффофият гуфт, ҳамроҳ бо Суҳарто сарварони собиқи Филипин -- Фердинанд Маркос, Заир -- Мобуту Секо, Найҷирия -- Сонӣ Абача ва дигарон ба феҳрасти раҳбарони дузд шомиланд, ки ҳар кадом аз 5 то 10 миллиард долларии халқи худро рабудаанд.

Ба ақидаи вай, дар бораи чанде аз раҳбарони собиқ ва феълии кишварҳои шуравии собиқ низ чунин иттилоъ мавҷуд аст. Вале набуди ҳамкории байни давлатҳо ва ноомодагии марказҳои молӣ ба таҳқиқ ва бозгардони ин сармояҳо банди асосии қатъномаи зидди фасодро корношоям кардааст.

Ҳамзамон дар нишасти индунезӣ 65 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон гуфтаанд, аввалан дар бораи вазъи мубориза бо фасод дар кишварҳои худ гузориши муфассал медиҳанд, сониян омодаанд, гурӯҳҳои таҳқиқи СММ-ро барои пажӯҳиш қабул кунанд. Раиси бунгоҳи мубориза бо фасоди Тоҷикистон Шерхон Салимзода мегӯяд, талошҳои ин ниҳод дар соли 2007 қобили тазаккур будаанд. Аммо корманди барномаи зидди фасод дар Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Ҷумъа Мирзоев мегӯяд, мардуми кишвар бар ин аст, ки мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ҳанӯз дар сатҳи камаҳамият ҷараён дорад ва ба эшелонҳои олии ҳукумат дахл намекунад.

Дар ин байн дар долонҳои конфаронси Созмони Милал дар Нуса Дуаи Индунезӣ гуфта шуд, бо вуҷуди даргузашти президенти собиқ Суҳарто, парвандаи ӯ баста нашудааст ва ҷусутҷӯи миллиардҳои рабудаи ӯ идома дорад. На бо суръати тез, аммо ҳам на ба кундӣ.
XS
SM
MD
LG