Пайвандҳои дастрасӣ

Сибир ба Осиё омад


Cардиҳои арктикӣ, ки ба таври ногаҳонӣ меҳмони кишварҳои осиёӣ шудаанд, алорағми пешгӯии қаблии ҳавосанҷҳо ин кишварҳоро тарк кардан намехоҳанд. Ин ҳамакнун фарзияи навбатии марокизи ҳавошиносист.

Қаблан, Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳадс зада буд, ки сардиҳо ҳадди ниҳоӣ то 19 ва 20 январ давом кардаву сипас ҳарорат ба тадриҷ боло меравад. Вале ҳамакнун маълум шуд, ки ин пешгӯӣ рост набудааст. Зеро ақрабаки ҳавосанҷҳо ҳанӯз ҳам зери манфӣ ё минус қарор дорад!

Сардиҳои ахир шурӯъ аз шоми 11 январ дар Осиё ҳукмронанд. Ва бар тибқи иттилоъи расмӣ ин мавзеъро тарк кардан ҳам намехоҳанд. Ҳавошиносон мегӯянд, ҳадди ақалл сардиҳои шадид то нимаи аввали феврал давом мекунанд.

Бар тибқи иттилоъи расмӣ, сардиҳо шиддат гирифтаанд. Ва дар Эрону Афғонистон ҳаво аз – 10 то – 20 дараҷа сард шудааст. Дар 24 вулусволии Афғонистон ақрабаки ҳавошиносӣ зери 12 дараҷа қарор дорад. Дар тӯли 2 ҳафтаи хунук дар ин кишвар 300 нафар фавтидааст. Ин омори расмист, ки онро хабаргузориҳо пешкаш кардаанд. Коршиносон гуфтаанд, теъдоди сармохӯрдагон аз ҳазорон нафар гузаштааст.

Дар шимоли Эрон ҳаво то 20 дараҷа сард шудааст. Дар Теҳрон ақрабаки ҳавосанҷӣ зери 8 дараҷа хоб аст. Дар Туркия ҳарорат то 28 дараҷа паст фаромадааст ва дар Арманистони ҳамҷавор бо Анқара 30 дараҷа сардии ҳаво мушоҳида шудааст.

Ҳавошиносон мегӯянд, сабаби аслии ин сардӣ фишори атмосферӣ ё антисиклони сибирист, ки фишор дар он аз 1055 гПа – ё аз афшурдагии муқовимат болотар истодааст. Вале фарзияи ҳавошиносон боз ҳам нигаронкунанда аст. Онҳо мегӯянд, сардии ҳаво ба тадриҷ Туркияро тарк мегӯяд ва дар ҳафтаи дигар ҳарорат дар ин мамлакат то 7 дараҷа гарм мешавад. Аммо гармӣ ба Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон намеояд. Ҳарорати сарди антисиклони сибирӣ дар ҳафати оянда низ ин кишварҳоро фарогир мепечад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сардиҳо ахиран ҳамаи ҳукуматҳои кишварҳои осиёимарказиро ғафлатгир карданд. Дар ин кишварҳо дефисити барқ мушоҳида шуд, газ нест гардид, сохтори гармигузаронӣ корношоям шуд ва ин ҳама бар маргу мири мардум овардааст. Мақомоти расмии кишварҳои осиёимарказӣ бар тибқи анъана перомуни маргу мири табаъа хомӯшӣ баргузидаанд. Вале рӯзномаҳои тоҷикистонӣ менависанд, ки танҳо дар Душанбе ин сардиҳо, ки ба думболи худ бӯҳрони энержӣ доштаанд, чанд тифли кушта дар таваллудхонаҳо гузоштаанд. Додситонии Душанбе бар марги 2 тифл парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Гузоришҳо аз Туркманистону Ӯзбакистон низ зидду нақизанд. Дар Туркманистон ҳарорати ҳаво то 31 дараҷа сард шудааст. Гузоришҳо мегӯянд, сармоҳои шадид дастовардҳои даруни нохунаки Туркманбошӣ - Сафармурод Ниёзовро маҳв мекунанд. Кушкҳои мармарин, фаввораҳои баландлӯла ва ҳатто дар бархе маврид пайкараҳои тилоини падари турманҳо хароб мешавад. Гузоришҳо ҳокӣ аз инанд, ки дар маҳбасҳои ин кишвар зиндониён бар асари сармоҳои шадид мефавтанд, вале омори расмӣ перомуни ин моҷаро хомӯш будааст. Хабаргузории «Мавҷи Олмон» менависад, ки дар зиндонҳои Лабоб ва Тенҷини ин кишвар дастикам 37 бандӣ аз сардӣ фавтидааст. Гуфта мешавад, дар мавзеъе ки ин зиндонҳо мавқеъ доранд, шаб то 28 дараҷа сард будааст.

Дар Тошканд низ сардиҳои шадид ҳукмронанд ва интиқоли қувваи барқ дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар ва ҳатто дар пойтахти он - Тошканд маҳдуд шудааст. Гузоришҳо афзудаанд, ки сармоҳои шадидтар аз пиндор ҳатто Қазоқистонро, ки як кишвари сард маҳсуб меравад, ғафлатгир кардаанд. Сардиҳо сабабгори қатъи қувваи барқ ва интиқоли он аз рӯи меъёр, ё лимит дар ин кишвар шудаанд.

Дар Қирғизистон ҳарорат то 22 дараҷа паст рафтааст ва кишвари 5 млн нафара дар як шабонарӯз то 66 млн квт_соат барқ истеъмол мекунад. Коршиносон мегӯянд, агар ҳаво гармтар нашавад, ин кишварро низ бӯҳрони энержӣ интизор аст.

Сардиҳои ахир ба назар мерасад, ки ҳамчун фонае миёни кишварҳои минтақа, ки солҳои тулонӣ бо ҳам дӯст маҳсуб мерафтанд, кубида мешавад. Рӯзномаи Tehran Times навиштааст, ки Туркманистон бар асари сардиҳои шадид, интиқоли гази табииро ба Эрон маҳдуд кардааст. Эрон бар ин амалкарди ҳукумати Туркманистон чунин баҳо додааст, ки Ишқобод бар сухани худ амин нест ва шарики боэътимод буда наметавонад.

Ва дар мавриде, ки кишварҳо бар суди табаъаи худ шартномаҳоро лағв кардаву хонаҳои шаҳрвандони худро гармтар мекунанд, Тоҷикистон ягона кишварест, ки бар ҷабри сокинонаш афзудааст. Тоҷикистон то ҳанӯз бар хориҷа барқро мефурӯшад ва дар ҳоле ки барқ ҳатто дар пойтахти кишвар чанд соат дода мешавад, коршиносон мегӯянд, ширкати Барҳи Тоҷик ҳатто як киловатт соат интиқоли барқро ба дигар кишварҳо маҳдуд накардааст.

Бар эроди бархе аз газетаҳои кишвар, ки дар рӯзи панҷшанбеи 24 январ ҳатто ба нишони эътироз саҳафоти сафеди худро танҳо бо як ибора - шиори «Барқ нест» чоп кардаанд, масъулини Барқи Тоҷик гуфтаанд, ки Тоҷикистон намехоҳад бозори энержии худро аз даст диҳад ва фурӯши барқро ба ҳамсояҳо кам нахоҳад кард.

Ин ҳам дарҳолест, ки сардиҳои шадид, ки дарёҳоро камоб кардаанд, бар хатари энержӣ меафзоянд. Масъулин мегӯянд, бо сабаби камоб шудани обанбори Норак шуруъ аз 10 феврал шояд интиқоли барқ ба тамоми навоҳии кишвар комилан қатъ гардад.

XS
SM
MD
LG