Пайвандҳои дастрасӣ

Бориши зиёди барф ва баста будани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд боиси қатъи интиқоли маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ба водии Зарафшон дар зиёда аз як моҳи ахир гардидааст.

Сокинони ин водӣ ин ҳолатро инҳисори иттилоотӣ ном дода мегӯянд, ҳамасола бо фаро расидани фасли сармо ва баста шудани шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе чунин ҳолати халои иттилоотӣ ба миён меояд.

Субҳон Холмуродов, сардори департаменти алоқаи почтавии Панҷакент гуфт, беш аз як моҳ боз, бино бар масдуд шудани роҳ онҳо наметавонанд беш аз сад номгӯй рузномаҳову маҷаллаҳоро ба мардум дастрас кунанд.

Фурушандаҳои рӯзномаҳо дар Панҷакент мегӯянд, ин ҳолат дар фасли сармо ба даромади кисаи онҳо зарба мезанад ва ҳам, боиси норозигиҳои зиёди мардуми оддӣ мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо сабаби меъёри шадиди маҳдудияти барқ сокинони минтақа аз тамошои барномаҳои телевизионҳои давлатӣ ва шунидани радио маҳрум шудаанд.

XS
SM
MD
LG