Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил ба Ғаза сузишворӣ медиҳад


Ҳукумати Исроил ваъда дод, ки интиқоли сӯзишворӣ ба Навори Ғазаро аз сар мегирад. Интиқоли маводи сухт ба ин минтақа ду ҳафта пеш дар посух ба мушакборони қаламрави Исроил аз Ғаза қатъ шуда буд.

Бо дархости гуруҳҳои ҳомиёни ҳуқуқи башари исроилӣ, қазияи то куҷо қонунӣ будани инзивоъи иқтисодии Навори Ғаза дар додгоҳи олии Исроил бозрасӣ гардид. Зимни муҳокима намояндаи ҳукумати Исроил эълом намуд, ки интиқоли сӯзишворӣ аз сар гирифта мешавад ва ин ҳафта ба Ғаза ду миллиону 200 ҳазор литр сузишворӣ фиристода мешавад. Ин миқдор маводи сӯхт барои фаъолияти ягона неругоҳи барқии Ғаза кофист.

Панҷ руз пеш ошубгарони ҷумбиши ҲАМОС, ки Ғаззаро таҳти назорат доранд, девори амнияти миёни ин минтақа ва Мисрро тахриб кардаанд. Садҳо ҳазор нафар вориди Миср шудаанд ва аксарият баъд аз харидани маводи озуқа ва дигар молу маводи зарурӣ ба манзилҳояшон баргаштанд. Ва аммо теъдоди бузуги фаластиниҳо ҳанӯз ҳам дар Миср ба сар мебаранд. Мақомоти кишвари ҳамсоя аз раҳбарияти ҲАМОС талаб карданд, ки дар зудтарин фурсат низомро дар марз барқарор кунад.

Кормандони ниҳодҳои интизомии Миср талош карданд, ки аз равуои бенизоми фаластиниҳо дар марз ҷилавгирӣ кунанд, аммо фаластиниҳо бо пуштибонии силоҳбадастони ҲАМОС ба кормандони полис муқовимат карда, ба баста шудани марз имкон надоданд.

Баъд аз он ки ҷумбиши ҲАМОС шаш моҳ пеш бо истифода аз неру идораи Ғазаро ба итоати худ даровард, ҳукумати Миср ҳар гуна гуфтушунид бо ин ҷумбишро рад мекунад. Миср хостори он шудааст, ки тарзи ҳифзи марз чун пештара, яъне шаш моҳи пеш, ба роҳ монда шавад. Он вақт гузаргоҳҳои марзиро фаластиниҳо ҳимоят мекарданд ва назорати ҷараёни равуо бар ӯҳдаи нозирон аз Иттиҳодияи Аврупо буд.

Дар ҳамин ҳол, раиси ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт дар як мулоқот изҳор намудаанд, ки бояд аз рух додани бӯҳрони башарӣ дар Навори Ғаза ҷилавгирӣ шавад.

XS
SM
MD
LG