Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии Обама дар Каролинаи Ҷанубӣ


Дар интихоботи муқаддамотии аёлати Каролинаи Ҷанубӣ дар миёни номзадҳои ҳизби демократи ИМА Барак Обама пирӯзии қатъиро ба даст овард. Сенатори Иллинойс дар ин сабқат бо 55 дар сади овозҳо дар мақоми аввал қарор гирифт. Сенатори Ню-Йорк Ҳиллари Клинтон ва ҳамсари раиси ҷумҳурии пешини Амрико бо 27 дар сади раъйҳо дар мақоми дуюм қарор гирифт. Ҷон Эдвард ҷои сеюмро касб кард. Дар интихобот шумори зиёди раъйдиҳандагон иштирок карданд. Каролинаи Ҷанубӣ дуюмин пирӯзии Барак Обама дар интихоботҳои муқаддамотии раёсатҷумҳурӣ мебошад. Бори аввал вай дар аёлати Айова дастболо шуд. Аммо баъдан, дар ду даври дигари интихобот - дар Ню Ҳемпшир ва Невада - Ҳиллари Клинтон ғалабаро ба даст овардааст. Интихоботҳои ибтидоии ҳизбҳои демократ ва ҷумҳурихоҳ дар 50 аёлати Амрико баргузор мешавад ва ба ҳар ҳизб имкон медиҳад, ки номзадҳои воҳиди худро ба интихоботи саросарии рӯзи 4 ноябр пешбарӣ кунанд. Обама шаби гузашта, баъди эълони пирӯзиаш дар Каролинаи Ҷанубӣ хитоб ба тарафдоронаш гуфт:

"Нафарони айбҷӯе, ки бовар доштанд он чи ки дар барфҳои Айова шурӯъ шуд, танҳо як хаёли бофта буд, имшаб қиссаи дигареро аз мардуми хуби Каролинаи Ҷанубӣ шуниданд. Аз дасти мо меояд! Бале, мо метавонем тағйироте ба амал оварем! Бале, аз дасти мо меояд!".

Обама ва Клинтон, ду номзади аслии ҳизби демократ, ҳоло ба набарди бузургтарини худ омодагӣ мебинанд, ки дар таърихи 5 феврал сурат мегирад. Дар ин рӯз якбора 24 аёлати амрикойӣ дар интихоботи муқаддамотӣ иштирок мекунанд ва ин рӯзро чун "Сешанбеи бузург" ёд мекунанд.
XS
SM
MD
LG