Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳлати сабтиноми муҷаддади ҳама нашрияҳои чопӣ, нашриётҳо ва корхонаҳои полиграфии Тоҷикистон аз нав – ва акнун боз барои се моҳ – тамдид гардид.

Сабаби инро дар вазорати фарҳанг дар он мегӯянд, ки на ҳама ташкилотҳои сабтиномшаванда тавонистаанд аз қайд гузаранд. Ба таъйиди вазорат, то 20-уми январ 110 рӯзнома, 34 маҷалла, 25 нашриёт, 83 чопхона ва 6 ожонси иттилоъотӣ аз қайди давлатӣ гузаштаанд.
Ба таъйиди Мирзобадал Бадалов, сардори садорати нашриётҳо, полиграфия ва матбуъоти даврии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, то 1-уми январи соли 2007 дар кишвар 272 рӯзнома ва 72 маҷалла, 7 ожонси иттилоъотӣ расман амал мекарданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати кишвар қоидаи сабти ташкилотҳои нашриётӣ ва фаъолияти чопии ашхоси ҳуқуқиро ҳанӯз дар моҳи июни соли гузашта тасдиқ намуда буд. Мабнӣ бар ин қоидаҳо, аз 1-уми июл то 30-вуми сентябри соли 2007 ҳама нашриётҳо, муассисаҳои чопӣ ва матбуъоти даврии паҳнкунандагони маҳсулоти чопӣ новобаста аз шаклҳои моликияташон (ғайр аз нашрияҳои вазорати мудофиъа, ВКД ва КАМ) бояд аз нав сабти ном мешуданд. Вале ба сабаби фаъолияти сусташон ин муҳлат то 1-уми январи соли 2008 тамдид шуда буд.
XS
SM
MD
LG