Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дигаргуниҳо дар ҳайати ҳукумат


Раисиҷумҳури Тоҷикистон бархе аз афроди давлатро аз вазифа барканор ва ба мақомоти дигар таъин кард, вале гуфта мешавад, ин тағйирот ҷузъиву камтаъсир аст.

Дар рӯзи дувуми ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон тағйироти кадрӣ эълом шуд, аммо ин ғайриинтизор набуд. Исми раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон, ки аз 25-уми январ номаълум буд, равшан шуд ва Муродалӣ Алимардонро дар ин мақом раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шариф Раҳимзода иваз кард. Муродалӣ Алимардон пас аз 11 соли раисии бонки асосии кишвар, ба маснади муовини нахуствазир дар умури иқтисод таъйин шуд.
Аммо муовини дигари сарвазир Хайриннисо Юсуфӣ аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Руқия Қурбонова, ки як соли ахир раёсати ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппаро бар дӯш дошт, пешбарӣ шуд. Руқия Қурбонова, ки минбаъд масоили иҷтимоиро дар ҳукумати кишвар ба зимма хоҳад дошт, дар гузашта дар мақоми раиси Кумитаи занон ва оила ва муовини раиси ҳукумати Хатлон ифои вазифа мекард.
Хайриннисо Юсуфӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъйин шуд.
Ҳамин тавр, вазири беҳдошт, Раъно Абдураҳмонова, вазири кишоварзӣ Абдураҳмон Қодирӣ, раиси кумитаи занон Меҳринисо Носирова, раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ Маҳмадтоҳир Зокиров, муовинони раиси Бонки Миллӣ Т. Маракушина, Ҷ. Эшов, А. Шарифҷонов, руасои шаҳри Қайроққум ва Қӯрғонтеппа, навоҳии Ҷаббор Расулов, Масчо ва Зафарободи устони Суғд, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури Душанбе, президенти Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон Толиб Набиев ва ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Худойназар Асозода аз мақомҳои худ барканор шуданд.
Ҳамзамон Қосим Қосимов (собиқ раиси вилояти Суғд ва раиси бахши ҲХДТ дар Суғд) вазири кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, Нусратулло Салимов (собиқ муовини аввали вазири беҳдошт) вазири беҳдошт, Фаридун Ҳамралиев раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ҳайбулло Латифов раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, Маҳмадтоҳир Зокиров раиси Ожонси заминсозӣ ва Нур Саидов ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таъин гардиданд.
Ба ҷуз ин, Абдураҳмон Қодирӣ муовини аввали раиси вилояти Хатлон, Давлатшо Гулмаҳмадов муовини аввали раиси вилояти Суғд, Иззатуло Зойиров и. в. раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Содиқ Мирзохолиқов и. в. раиси шаҳри Қайроққум таъйин шуданд.
Ва аммо нахуствазир Оқил Оқиловро, ки ба синни бознишастагӣ расида ва дар 9 соли ахир дар ин мақом буд, ҳадди ақалл барои як соли оянда низ касе иваз нахоҳад кард. Ҳамин гуна раҳбарони бахши иқтисодӣ ва энержӣ дар ҳукумати Тоҷикистон низ дар мақомҳои худ бозмонданд, ҳарчанд дар ин ҷаласа аз сӯи раиси ҷумҳур мавриди интиқоди шадид қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ, коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки дар шохаҳои ҳукумат тағйироти назаррас ва чашминтизор сурат нагирифт. Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, дар ин иртибот мегӯяд, бо гузашти беш аз як сол аз интихоботи раиси ҷумҳур дар ҳукумати ин кишвар симоҳои нав ҷой нагирифтанд ва гумон аст, ки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон дар солҳои наздик амалӣ шавад: «Зимистони соли 2007-2008 бисёр вазнин буд ва мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ва блоки иқтисодии ҳукумат дар баробари болоравии бесобиқаи нархҳо ва мушкили бебарқу камбуди гази табиъӣ оҷиз буданд. Ин маънои онро дорад, ки тамоми бахши иқтисодии кишварро бояд ба истеъфо гусел кард ва кадрҳои навро аз ҳисоби соҳибкорон ба ин ниҳодҳо ҷалб кард».
Дар ҳамин ҳол ба эътиқоди гурӯҳи дигари коршиносон, ивазнашавандагии аксар аз раҳбарони ниҳодҳои иқтисодӣ ва қудратии Тоҷикистон ва танҳо аз як мақом ба мақоми дигар таъйин шудани мансабдорон, роҳи ҳалли мушкилоте нест, ки раиси ҷумҳур дар ҷаласаи ҳукумат башиддат таъкид мекунад. Ҳуриннисо Ғаффорзода, раиси созмони ғайриҳукуматии Оштии миллӣ: «Аз ҷой иваз кардани кадрҳои имрӯза дар ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ тағйироти куллӣ ва ҳалли мушкили феълии мардумро набояд интизор шуд. Маълум аст, ки кадрҳои ивазшудаи ҳукумат аз шахсиятҳои доро ва ба раиси ҷумҳур наздик ҳастанд. Худи ҷаноби Алимардон, ки муовини нахуствазир таъйин шудааст, пӯшида нест, ки ними соҳибкории Ҳисорро дар ихтиёр дорад, сарвати бисёре ҷамъ кардааст ва шахси ғайриҳирфаист ва аз ӯ кори назаррасеро барои рушди иқтисодӣ кишвар интизор набояд буд. Ин ҳама мисолҳо гувоҳи вуҷуди коррупсия дар дохили ҳукумат аст».
Дар ҳамин ҳол, аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳур хабар доданд, ки вузарои рушди иқтисод ва тиҷорат, молия ё дороӣ, умури дохила ва хориҷа, амнияти миллӣ ва додситони куллӣ Тоҷикистон дар мақомоти худ бозмонданд, аммо аксаран барои ислоҳи заъфи кори мақомоти худ аз 6 моҳ то 1 сол муҳлат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG