Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Имрӯз дар ҷараёни даври ниҳоии ҷаласаи ҳукуматӣ бо амри раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Шариф Раҳимзода ба вазифаи раиси Бонки Миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Вай қаблан раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд. Инчунин, дар ин нишаст куллия муовинҳои раиси Бонки миллӣ ба истеъфо фиристода шуд. Ба вазифаи муовини нахуствазири кишвар дар масоили иҷтимоӣ Руқия Қурбонова, раиси собиқи ҳукумати шаҳи Қурғонтеппа, таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Хайринисо Юсуфиро иваз кард. Вазири беҳдошт Раъно Абдураҳмонова ҳам аз вазифа сабукдӯш шуд. Дар нишасти ҳукуматии имрӯза инчунин аз барканоршавии раисони як идда ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоёти кишвар, мисли Қайроқум, ноҳияи Ҷаббор Расулов, ноҳияи Масчоҳ ва ғайра хабар дода шуд.
XS
SM
MD
LG