Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон вазъияти фавқулодда ҷорӣ шуд


Бо сабаби сардиҳои шадид, вазорати беҳдошти Афғонистон дар кишвар вазъияти фавқулоддаро ҷорӣ кард. Сайидмуҳаммад Амини Фотимӣ дар сӯҳбат бо радиои "Афғонистон Озод" гуфт, ки дар рӯзҳои ахир бар асари сардиҳои шадид дар саросари кишвар 271 нафар, ғолибан кӯдакон ҷон додаанд. Вай гуфт, ки ин афрод ба таври мустақим аз сардӣ ва ё бар асари маризиҳои вобаста ба сармо ҷон додаанд ва ҳанӯз ҳоли сокинони манотиқи кӯҳдоман нигаронкунанда боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG