Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози амалиёт алайҳи «ал-Қоъида»


Ироқ, Мосул, 24-уми январи соли 2008

Ироқ, Мосул, 24-уми январи соли 2008

Нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ аз шурӯъи амалиёти густурдаи азиме зидди ҷангиёни «ал-Қоъида» дар шаҳри шимолии Мосул изҳороте пахш кард.

Эълони мазкур ду рӯз баъди он пахш шуд, ки дар ин шаҳр таркишҳои маргборе боъиси ҳалокати даҳҳо нафар шуд. Ин минтақаро чун яке аз пойгоҳҳои аслии шӯришиён ном мебаранд. Ал-Моликӣ гуфт, ки шумори муайяни сарбозони артиш ба Мосул, барои муқобила бо шӯришиёни «ал-Қоъида» сафарбар шудаанд. Ҳарчанд нахуствазир роҷеъ ба шумори дақиқи нерӯҳо суҳбат накард, аммо ваъда дод, ки ин як амалиёти қотеъ хоҳад буд. Зимни суханронии рӯзи ҷумъааш дар Карбало, ҷануби Бағдод, ал-Моликӣ изҳор намуд, ки имрӯз артиши миллии кишвар ба як нерӯи тақвиятёфта табдил шудааст.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи «ал-Қоъида»-ро масъули таркиши ахири нерӯманде меҳисобанд, ки рӯзи чоршанбе дар Мосул рух дод ва ҷони 34 нафарро гирифт.
Инфиҷори шадиди 23-вуми январ як сохтмони сетабақаро ҳадаф қарор дода буд, ки дар пайи он ҳудудан 200 нафар захмӣ шуданд. Рӯзи дигар, замоне, ки раиси полиси Мосул генерал Солеҳ Муҳаммад Ҳасан бо нийяти шиносоӣ бо маҳалли таркиш ба инҷо омад, ҳамчунон ҳадафи бомби як маргталаб қарор гирифт. Ҳамроҳ бо ӯ ду афсари дигар низ ҷони худро аз даст доданд.
Мосул дар 360-километрии шимоли ғарбии Бағдод ҷойгир буда, маркази вилояти Найнаво аст. Ин як гузаргоҳи нақлиётии миёни Бағдод, Сурия, Туркия ва Эрон мебошад. Шаҳре, ки дар он намоянадҳои миллату қавмиятҳои мухталиф ба сар мебаранд, солҳои ахир ба маҳалли даргириҳои шадид табдил шудааст.
Дар ҳамин ҳол амалиёти поккории нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти ал-Анбор, атрофи Бағдод, ва манотиқи дигари марказӣ, нерӯҳои «ал-Қоъида»-ро водор кардааст, ки амиқтар ба шимоли кишвар ҳаракат кунанд. Сухангӯи нерӯҳои амрикоӣ Грегорӣ Смит ҳафтаи ҷорӣ Мосулро чун маҳалли тамаркузи манобеи молии шӯришиён ва ҳам ҷангиёни хориҷӣ унвон кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сухангӯи вазорати дифои Ироқ Муҳаммад ал-Аскарӣ вазъи амниятии Мосулро хеле заъиф талаққӣ кардааст.
Тибқи иттилоъи сухангӯи пулис Саъид ал-Ҷубайрӣ, дар айни замон танҳо 3000 ходимони пулис дар ин шаҳри дорои 2 миллион аҳолӣ амал мекунанд. Вазорати дохила ҳоло дар андешаи ин аст, ки шумори ходимони пулисро дар Мосул ду баробар афзоиш диҳад. Тибқи баъзе манбаъҳои дигар, қарор аст, ки чандин ҳазор сарбозони ироқӣ аз Бағдод оварда шуда, дар вилояти Ал-Анбор мустақар гарданд.
XS
SM
MD
LG