Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Махфигоҳе дар Афғонистон минаи русӣ доштааст


Як мақоми амниятии Афғонистон гуфт, ки дар наздикии марз бо Эрон махфигоҳе ошкор шуд, ки дар дохили он минаҳои сохти Русия нигаҳдорӣ мешуд. Генерал Хаёлбоз Шерзай, раиси хадамоти амниятии вилояти Фараҳ дар сӯҳбат бо радиои "Афғонистони Озод" гуфт, ки минаҳои мазкур аз Эрон вориди хоки Афғонистон шудааст:

"Дасти кам 60 минаи идорашаванда ҳеҷ навиштаҷоте надорад. Ин ҳама батозагӣ тавлид шудааст. Тақрибан 50 минаи зидди нафар, ки ошкор шуд, дар Русия сохта шудааст. Чун як афсаре бо таҷрибаи беш аз 30-сола, гуфта метавонам, ки ин аслиҳа ҳама аз рӯи навтарин технологияҳо сохта шуда, инчунин метавонад барои анҷоми амалиёти интиҳорӣ истифода шавад".

Махфигоҳи аслиҳа дар манзили як фармондеҳи маъруфи Толибон дар вулусволии Анордори вилояти Фараҳ кашф ва мусодира шуд. Қаблан Эрон ҳама гуна иттиҳомотро рад кардааст, ки мегӯяд, ин кишвар ба Толибон кӯмак мекунад. Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфт, ки шаҳодати иртибототи миёни Теҳрон ва аслиҳаи кашфшуда дар даст нест, аммо Вашингтон метавонад тахмин занад, ки дар ин қазия Эрон метавонад даст дошта бошад.
XS
SM
MD
LG