Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ омодаи набарди "ниҳойӣ" бо Ал-Қоида аст


Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ гуфт, ки нирӯҳои амниятии кишвараш як амалиёти "қатъи"-и ниҳоиро алайҳи шӯришиёни Ал-Қоида шурӯъ кардаанд. Вай зимни суханронии ахираш дар Карбало гуфт, ки шумори муайяни нирӯҳо ба Мосул фиристода шуданд, то алайҳи шӯришиёни суннинишин, ки ин маҳалро ба пойгоҳи худ қарор додаанд, мубориза баранд. Мақомоти Ироқ шӯришиёни Ал-Қоидаро дар таркиши маргбори рӯзи чоршанбе дар Мосул айбдор мекунанд, ки ҷони 34 нафарро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG