Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон тангназар ва мазҳабгаро мешаванд?


Ҳарчанд аз хотимаи ҷанги дохилии Тоҷикистон бештар аз 10 сол сипарӣ мешавад, аммо шуури сиёсӣ ва дар маҷмӯъ ҷаҳонбинии ҷавонони ин кишвар ҳамоно дар сатҳи пасти сиёсӣ қарор дорад.

Аҳмадҷон Ҳусайнов, як донишманди 35-солаи тоҷик, номзади улуми сиёсатшиноси ва устоди донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, дар пажӯҳиши худ дар ин ришта ба чунин хулоса омадааст. «Ташаккулёбии ҷаҳонбинии ҷавонон дар шароити демократикунонии ҷомиъа» - чунин унвон дорад рисолаи Аҳмадҷон Ҳусайнов. Ӯ бо истифода аз назару андешаҳои ҷавонони шаҳру деҳоти мухталифи кишвар ин мавзӯъро омӯхта, кӯшидааст дар кори илмии худ барои рушди ҷаҳонбинии ҷавонон роҳҳои мушаххасу муфидеро пешниҳод кунад. Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон давраи гузариши иқтисодиву омӯзиширо пушти сар мекунад ва, бо вуҷуди он ки ин раванд аз як сӯ дар ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири мусбат гузоштааст, таъсири манфии он ҳам кам набудааст.
Ин олими ҷавон мегӯяд, ки дар ин давраи гузариш аксари ҷавонон дар зери пардаи куҳангароӣ ва рукуду экстремизм паноҳ бурдаанд, ки он монеъи рушди ҷаҳонбини ҷавонон гардидааст. Ӯ мегӯяд: «Барои ташаккули ҷавонони тоҷик бештар ақидаҳои манфии ҷомиъаи имрӯзаи мо, ба мисли экстремизму догматизм, терроризм ва бюрократизм, муқобил меистад. Тавре мо мушоҳида мекунем, имрӯз бо истифода аз дини ислом ҷавононро ба роҳи дигар мебаранд».
Аҳмадҷон Ҳусайнов дар рисолаи худ ба вижа аз ақида ва дарку фаҳмиши ҷавонони рустои кишвар нигаронӣ карда, менависад: «Дар афкори ҷавонон тасаввуроте мавҷуд аст, ки ба ҷаҳонбинии шахси муосир ё мудерн аслан мувофиқ нест».
Омили аслии рушд накардани шуури ҷавононро ӯ ба оила ва савияи донишу ҷаҳонбинии волидони онҳо марбут медонад. Ба қавли ӯ, дар навоҳии дурдасти кишвар волидон ғолибан аз меҳнати ҷисмонии фарзанди худ фаровон истифода мекунанд ва ба тарбияи маънавии онҳо кам аҳаммият медиҳанд ва, аз сӯи дигар, таълиму тадрис дар макотиби деҳот дар сатҳи поин қарор доштааст: «Донишҷӯёне, ки аз деҳот меоянд, асосан, чи аз ҷиҳати маданият ва чи аз ҷиҳати фаҳмишу фикрронии сиёсӣ ақиб мондаанд. Албатта, вақте падару модар ҷаҳонбинии васеъ доранд, ба тарбияи фарзанд аз ҳама ҷиҳат таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳанд. Ба театр мебаранд фарзандашро ё ба ягонаи барномаҳои маданӣ, ба мактаб ҷалб мекунанд. Аммо оилаҳои деҳот аксаран фарзандони худро аз субҳ пайи рӯзӣ фиристода, ба тарбияаш чандон аҳаммият намедиҳанд».
Сиёсатшиноси ҷавон аз пайомадҳои нохуши идома ёфтани ин раванд ва дур будани ҷавонон аз саҳни сиёсӣ ва нокифоятии дониши сиёсии онҳо арзи нигаронӣ намудааст.
Ба ақидаи ин сиёсатшиноси ҷавон, роҳҳои муфиди рушди назару афкори ҷавонон дар шароити демократикунонии ҷомиъа бевосита ба тарбия дар оила, мактаб ва расонаҳои хабарӣ бастагӣ дорад.
Аҳмадшоҳ Ҳусайнов таъкид мекунад, ки бо пешниҳоди як қатор роҳҳо барои пешбурди шуъуру афкори ҷавонон ҳар як ҷавон бояд аз гузаштаи ҷамъияти худ огаҳ бошад ва ба дарки донишҳои ҳуқуқӣ биравад. Ӯ бар ин аст, ки дар ташаккулёбии шуъур ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба вижа мақомоти кишвар бояд саҳим бошанд.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG