Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти нав ба зидди Ал-қоида дар Ироқ


Ҳукумати Ироқ гуфт, ки ба зидди ҷангиёни Ал-қоида дар шаҳри Мосул амалиёти васеъмиқёсеро оғоз мекунад. Ду рӯз пештар аз ин бар асари бомбгузориҳо дар ин шаҳр, воқеъ дар шимоли Ироқ, тақрибан 40 нафар кушта шуданд. Низомиёни Амрико мегӯянд, Мосул охирин шаҳри бузурги Ироқ аст, ки ҳанӯз ҳам ҳузури Ал-қоида дар он қавӣ боқӣ мондааст. Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал Моликӣ дар шаҳри Карбало гуфт, ки ҷанг ба зидди Ал- қоида дар Мосул қатъи хоҳад буд. Вай доир ба амалиёт ҷузъиёти дигаре ироа накард.

XS
SM
MD
LG