Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи Тоҷикистон аз 1 миллиард доллар гузашт


Вазорати молияи Тоҷикистон эълом дошт, ки қарзи берунаи ин кишвар дар соли 2007 аз 1 миллиарду 100 милион доллар бештар шудааст.

Як соли қабл қарзи берунаи ин кишвар андаке аз 836 миллион доллар зиёдтар буд. Темуралӣ Афғонов, мудири раёсати қарзҳои берунаи вазорати молияи Тоҷикистон, гуфт, қарзи ин кишвар аз ҳисоби 288,4 миллион долларе, ки аз Чин вом гирифтааст, афзоиш ёфтааст. Ба қавли оқои Афғонов, Тоҷикистон бештар аз созмонҳои молиявиии байналхалқӣ, монанди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии Рушд, Бонки рушди Осиё ва фондҳои қувайтиву саудии рушд, қарздор будааст.

Оқои Афғонов афзуд, 75 дарсади қарзи Тоҷикистон аз ҷониби қарздиҳандаҳои бисёртарафа байнулмилалӣ гирифта шудаанд. Оқои Афғонов гуфт, қарзи берунаи Тоҷикистон афзуда, бештар аз 30 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилаи Тоҷикистонро ташкил диҳад ҳам, вале Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое, ки қарзашон кам аст, дохил мешавад.

Оқои Афғонов афзуд, Тоҷикистон ният дорад қарзи худ аз Русияро, ки ҳудуди 15 миллион доллари амрикоӣ будааст, бозпардохт намояд. Ҳамчунин Тоҷикистон мақсад доштааст 7 миллион доллар қарзи Туркияву Қазоқистон ва Белорусу Иронро бозгардон намояд. Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди шуравӣ аз ҳама бештар аз Узбакистон қарздор будааст, ки он бештар аз 63 миллион доллари амрикоиро ташкил медодааст.

Аммо Тоҷикистон имсол нияти пардохти қарзи Узбакистонро надоштааст. Оқои Афғонов гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бо Тошканд тавофуқ кардааст, ки бо фоизи қарзии 0,8 дарсади солона мӯҳлати пардохти қарзи Узбакистон то соли 2014 тамдид шудааст.

Гулмаҳмад Оймаҳмадов, коршиноси масоили иқтисод, гуфт, агар қарзи беруна аз меъёри бехатарии он, ки ба 25 дарсад аз ҳаҷми маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ бештар бошад, он барои давлат қарзи хатарнок ҳисобида мешавад. Ба эътиқоди оқои Оймаҳмадов, қарзи берунаи Тоҷикистон, ки аз меъёри муайяншудаи байнулмиллалӣ афзун шудааст, барои иқтисоди Точикистон хатарҳои ҷиддӣ дорад.

Оқои Оймаҳмадов гуфт, агар қарзи берунаи Тоҷикистон барои истеҳсолот масраф шавад, бахайр аст, аммо агар он барои хариду истеъмоли неъматҳои модӣ сарф шавад, мушкилоти зиёдеро ба думбол меорад.

Афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши худ аз Тоҷикистон хоста буд, то мизони вуруди қарзи хориҷии худро бояд марҳила ба марҳила коҳиш диҳад, зеро ин қарзи ҳангуфт метавонад иҷрои тарҳҳо, хусусан дар соҳаи энержӣ, роҳсозӣ ва саноъати сабукро печидатар кунад. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамчунин бояд дар ивази ин ба ҷалби сармояи мустақим кӯшиш диҳад, на монанди имрӯз қарзи бузург дарёфт кунад.

XS
SM
MD
LG