Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният масъалаи Эронро баррасӣ мекунад


Намояндагони шаш қудрати ҷаҳонӣ, ки барномаи баҳсбарангези атомии Эронро баррасӣ мекунанд, имрӯз доир ба ҷузъиёти қатъномаи нав ба зидди Эрон ба Шӯрои Амният гузориш хоҳанд дод. Рӯзи панҷшанбе муовини вазири умури хориҷаи Амрико Николас Бурнс гуфт, қатъномаи ҳосилшуда дар музокироти он шаш кишвар "танбеҳӣ" мебошад. Пештар аз ин вазири умури хориҷаи Русия гуфта буд, ки иқдомоти пешбинишуда дар қатънома чандон сахтгирона нест. Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои сарпечии Эрон аъ муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум ба зидди ин кишвар ду маротиба таҳримот эъмол кардааст.

XS
SM
MD
LG