Пайвандҳои дастрасӣ

Миср марзашро ба рӯи фаластиниён баст


Давлати Миср имрӯз барои бастани марзи худ иқдом кард, то монеъи вуруди фаластиниён ба хоки ин кишвар шавад, ки онҳо барои захираи хӯрока ба Миср рехтаанд. Баъди хароб шудани як девори марзии миёни Миср ва Навори Ғазза аз тарафи тундравон, даҳҳо ҳазор фаластинӣ ғайриқонунӣ ба хоки Миср ворид шуданд, то маводи зарурии зиндагиро захира кунанд. Навори Ғазза то кунун дар муҳосираи Исроил қарор дорад. Маъмурони амниятии Миср имрӯз ҷойи девори вайроншударо симхор кашида ва бо истифода аз мошинҳои обпош монеъи вуруди фаластиниён ба Миср шуданд. Онҳо гуфтанд, ки то бегоҳи имрӯз комилан марзро маҳкам хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG