Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши қавӣ дар шаҳри Бейрут


Имрӯз дар як маҳаллаи масеҳиён дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон таркиши қавие ба вуқӯъ пайваст, ки ба гуфтаи телевизиони Лубнон бар асари он 10 нафар кушта ва чандин тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бар асоси гузоришҳо, дар ин таркиш Виссом Ид – афсари баландрутбаи пулиси Лубнон, ҷон додааст. Бар асари бомбгузорӣ чандин мошин низ хароб шудааст. Лубнон тайи чаҳордаҳ моҳе, ки гирифтори бӯҳрони сиёсист, шоҳиди силсилаи бомбгузориву сӯиқасдҳо ба ҷони сиёсатмадорон шуд.

XS
SM
MD
LG