Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии олимпӣ, ки рӯзи 25-уми январ дар пойтахти Тайланд - шаҳри Бангкок шурӯъ шуд, ширкат дорад.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федеросиюни бокси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайати тими мунтахаб беҳтарин муштзанҳои кишвар шомиланд, ки миёни онҳо ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қитъавию байнулмилалӣ, ба мисли Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, Шералӣ Достиев, Маъруф Файзуллоев ва Шералӣ Маҳмадалиев ҳастанд.

Оқои Маҳмадрасулов афзуд, муштзанҳое, ки дар вазни худ ҷойҳои якуму дуввумро мегиранд, соҳиб роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин мешаванд. Ва танҳо дар вазни то 91 кг ғолиб барои ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2008 роҳ меёбад.

Мусобиқаи интихобии олимпӣ бо ширкати беш аз 140 варзишгар аз 28 кишвари қораи Осиё дар Тайланд то рӯзи 4-уми феврал идома хоҳад кард.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина шарафи Тоҷикистонро дар риштаи бокс Шералӣ Достиев ҳимоя карда буд.

XS
SM
MD
LG