Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишномаи муҳими Русия ва Сербистон


Мақомоти Русия ва Сербистон имрӯз 25 январ як созишномаи чандмиллиардолларие имзо карданд, ки Сербистонро ба як тавзеъдиҳандаи гази Русия табдил хоҳад дод. Бар асоси созишнома як шохаи гази лӯлаи азими Русия ба Сербистон мерасад ва дар ин кишвар низ як анбори бузург барои захираи гази моеъ сохта мешавад. Ҳамчунин ширкати "Газпром"- Русия қисми зиёди саҳмияҳои ширкати давлатии нафти Сербистон "НИС" - ро ба даст меорад. Ин созишнома баъд аз мулоқоти раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо нахуствазир ва раиси ҷумҳурии Сербистон ба имзо расид. Владимир Путин дар ин мулоқот гуфт, кишвараш "қатъиян" мухолифи мустақил шудани Косово - вилояти ҷудоихоҳи Сербистон аст. Раҳбарони вилояти умдатан албанишини Косово қасд доранд, ба зудӣ ин вилоятро кишвари мустақил эълом кунанд.

XS
SM
MD
LG