Пайвандҳои дастрасӣ

Буҳрони бозорҳои молии ҷаҳон ва Тоҷикистон


Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд мегӯяд, бесуботиҳо дар бозорҳои молии ҷаҳон суръати рушди иқтисоди Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистонро кунд хоҳад кард, вале иқтисоди минтақа назар ба дигар манотиқи ҷаҳон ба ин сахтӣ хубтар тоб хоҳад овард.

Бонки мазкур рӯзи панҷшанбе гуфт, бинобар кунд шудани эҳтимолии рушди иқтисоди Амрико ва Аврупои Ғарбӣ, дар соли 2008 тавлидоти нохолиси миллӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Иттиҳоди Шӯравии собиқ на шашу аз даҳ як, балки то панҷуним дарсадро ташкил хоҳад дод. Дар моҳи ноябри соли гузашта бонки мазкур бо таҳлили вазъи иқтисоди кишварҳои минтақа гуфта буд, ки иқтисоди 29 кишвари минтақа дар маҷмӯъ дар соли 2008 6,1 дарсад рушд хоҳад кард.

Эрик Берглоф, иқтисоддони аршади Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд, гуфт, иқтисоди Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои шӯравии собиқ ба бесуботиҳои бозорҳои молӣ ба хубӣ тоб меоваранд, вале бо ин вуҷуд таъсири манфии онро эҳсос хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, бесуботӣ дар бозорҳои молӣ аз се роҳ ба иқтисоди кишварҳои минтақа таъсир хоҳад кард, аввал аз назари тавонмандии бонкҳо, дуввум бинобар боло рафтани баҳои қарзгирӣ ва рушди иқтисоди Амрико. Аммо то кунун, ба гуфтаи Эрик Берглоф, кишварҳои минтақа ба ин фишори берунӣ тоб овардаанд. Аз ҷумла Тоҷикистон низ.

Бахтиёр Мансуров, намояндаи дафтари Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд, ба радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон ҳоло таъсири амиқи ин бесуботиҳоро зиёд эҳсос накардааст, вале аз он бенасиб нахоҳад монд.

То имрӯз ягон таъсири манфӣ ва ҷиддии ин буҳрон ба иқтисоди Тоҷикистон мушоҳида нашудааст. Бонкҳои мо ба қадри кофӣ мустақиланд, зеро ҳаҷми зиёди сармояи онҳо аз манобеъи дохилӣ гирифта мешавад ва онҳо асосан бо истифода аз сармоя ва амонатҳои худ фаъолият мекунанд. Аммо чун иртиботи байниҳамдигарии низоми молӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад, аз ин хотир таъсироти бесуботии бозорҳои молӣ дар Тоҷикистон гуногун хоҳад буд. Вале то кунун бонкҳои Тоҷикистон аз ин бӯҳрон осебе надидаанд.

Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд аз вазъи иқтисоди Қазоқистон дар ташвиш будааст, зеро бонкҳои ин кишвар аз бозорҳои молии ҷаҳонӣ қарзи зиёде гирифта ва ба онҳо пойбанд мебошанд. Эрик Берглоф гуфт, бесуботӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъсирӣ воқеъӣ ба иқтисоди Қазоқистон дорад ва ин кишвар нишондиҳандаи барҷастаи таъсири бесуботӣ ба иқтисоди минтақа аст. Эрик Берглоф афзуд, кундтар шудани суръати рушди иқтисоди Амрико ва ё ҳатто рукуди он танҳо “таъсири ночизе” ба иқтисоди Аврупои Шарқӣ ва қаламравҳои шӯравии собиқ хоҳад дошт, зеро иқтисоди кишварҳои ин минтақа чандон пойбанд ба пули содироташон ба бозори Амрико нестанд.

Ба андешаи Бахтиёр Мансуров, намояндаи дафтари Бонки Аврупоии Босзозӣ ва Рушд дар Душанбе, таъсири бесуботӣ дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам зоҳиран ночиз хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG