Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ хостори бозрасии такрории қазияи Комбахш шуд


Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул аз мақомоти Афғонистон хост, ки қазияи ба эҳдом маҳкум шудани донишҷӯ ва хабарнигори нашрияи “Ҷаҳони Нав” Сайид Парвиз Комбахшро бозрасӣ кунанд. Додгоҳи вилояти Балх Сайид Парвиз Комбахшро бо иттиҳоми таҳқири ислом ба марг маҳкум кардааст. Хабарнигор се моҳ қабл, баъди он боздошт шуд, ки дар сӯҳбат бо ҳамсабақҳояш дар донишгоҳ ба баъзе нуктаҳои Қуръони Маҷид эрод гирифтааст.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон изҳор кард, ки мурофиаи додгоҳӣ паси дарҳои баста сурат гирифта, Сайид Парвиз Комбахш аз имкони дарёфти вакили дифоъ маҳрум буд.
XS
SM
MD
LG