Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди нави "Ал-Қоида"


Созмони “Ал Қоида” ба сарвазири Бритониё Гордон Браун ва раҳбари пешини ҳукумат Тони Блэр таҳдид кард, ки дар сурати аз Ироқ ва Афғонистон берун накардани неруҳои бритониёвӣ онҳо кушта хоҳанд шуд. Гурӯҳи инфиродии SITE
Intelligence Group, мақараш дар Амрико иттилоъ дод, ки ин таҳдид дар сомонаи интернетии инглисзабони "Ал-Қоида" нашр шудааст. Ба иттилоъи SITE, иттилоъро Умар Рабӣ Ал Ҳалайла пахш кардааст. 2 январи соли равон Ҳалайла ҳамчунин дар бораи таъсиси бахши бритониёвии "Ал-Қоида" хабар дода буд, ки ҳадафаш таҳияи ҳамлаҳои густарда ва сӯиқасд ба ҷони раҳбарони сиёсӣ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG