Пайвандҳои дастрасӣ

Танқиди сафири ИМА аз Эрон


Сафири Амрико дар Бағдод гуфт, ки Эрон бояд барои таъхираш дар ташкили музокирот бо ИМА дар мавзӯи вазъи амниятии Ироқ мавриди танқид қарор гирад. Ба андешаи Раян Крокер, боздиди Маҳмуди Аҳмадинаҷод, раиси ҷумҳурии Эрон аз Бағдод таъсири ночиз хоҳад дошт. Вазири хориҷаи Ироқ рӯзи чоршанбе гуфт, ки оқои Аҳмадинаҷод даъватномаи боздид аз Бағдодро дарёфт кардааст, аммо ҳанӯз таърихи дақиқи сафар мушаххас нест. Оқои Крокер афзуд, ки вай интизори кадом таҳаввулоти ҷиддӣ аз ин сафар нест. ИМА мегӯяд, ки Эрон аз ҷангиёни шиамазҳаб дар Ироқ пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG