Пайвандҳои дастрасӣ

Русияву Эрон дар фикри таъсиси созмони нав ҳастанд


Гурӯҳи кишварҳои содиркунандаи газ, ки дар садри он Эрону Русия қарор доранд, дар самти таъсиси созмони вижае ҳамсони ташкилоти кишварҳои содиркунандаи нафт гом мебардоранд. Нашрияи "Коммерсант" имрӯз ба нақли қавл аз як манбае дар ҳукумат навишт, ки пешниҳоди таъсиси созмоне шабеҳи ОПЕК моҳи июн дар нишасти кишварҳои содиркунандаи газ дар Маскав муаррифӣ мешавад. Нашрия мегӯяд, тарҳи сохтории ин созмон, ки шабеҳи ОПЕК навишта шудааст, ба қалами Эрон тааллуқ дорад ва он соли гузашта иншо шудааст. Русия дорои захираҳои бузургтарини газ дар ҷаҳон буда, дар мақоми дуюм баъди он Эрон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG