Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахши навбатии сӯхти ҳастаӣ вориди Эрон шуд


Имрӯз Эрон аз Русия бахши шашуми сӯхти ҳастаиро барои корхонаи нахустини атомии худ дарёфт кард. Ҳамакнун ду навбати дигар мемонад, ки куллия маводи сӯхти зарурӣ аз Русия вориди Эрон шавад. Ин дар ҳолест, ки давлатҳои узви Шӯрои амнияти СММ гуфтаанд, ки барои ҷорикунии таҳримҳои нав болои Эрон ба мувофиқа расиданд. То ҳол Эрон аз 82 тонна сӯхти пешбинишуда - 66 тоннаро дарёфт кардааст. Ғарб ҳарос дорад, ки фаъолиятҳои ғанисозии ураниум метавонад Эронро барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ наздик кунад.
XS
SM
MD
LG