Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди нави Эрон


Эрон ҳушдор дод, ки алорағми ҳар гуна таҳримҳои СММ фаъолиятҳои барномаи ҳастаиашро идома хоҳад дод. Раиси ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинаҷод рафтори, ба қавли ӯ, ғайриқонунии давлатҳои ғарбиро дар масъалаи ҳастаии Эрон танқид карда гуфт, ки ҳамаи талошҳои онҳо бефоида мебошад. Рӯзи сешанбе қудратҳои ҷаҳонӣ ба тавофуқ расиданд, ки барои мухолифатҳои Эрон дар хатми ғанисозии ураниум, Шӯрои амнияти СММ бахши сеюми таҳримҳоро болои Эрон эъмол хоҳад кард. Аммо Русия гуфтааст, ки таҳримҳои нав тадбирҳои шадидро алайҳи Эрон дар назар намегирад.

XS
SM
MD
LG