Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари мухолифини Беларус озод шуд


Мақомоти Беларус яке аз раҳбарони маъруфи мухолифинро ду моҳ пеш аз анҷоми мӯҳлати боздошташ аз зиндон раҳо карданд. Змитсер Дашкевич, раиси Ҷабҳаи ҷавонон шоми чоршанбе ба озодӣ баромад. Вай ноябри соли 2006 бо гуноҳи ҳамкорӣ бо як созмони расман сабтиномнашуда ба зиндон андохта шуд. Ҳам ИМА ва ҳам Иттиҳодияи Аврупо озодшавии Дашкевичро талаб мекарданд. Ӯ аз танқидгарони барҷастаи режими раиси ҷумҳурӣ Александр Лукашенко мебошад.
XS
SM
MD
LG