Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадии Касянов номаълум аст


Михаил Касянов, яке аз мухолифони аслии ҳукумати феълии Русияро аз ҳаққи иштирок дар интихоботи раисҷумҳурӣ маҳрум карданд.

Натоиҷи санҷишҳои Кумиссиюни марказии интихоботи Русия ҳокӣ аз фоизи беш аз ҳадди имзоҳои қалбакӣ будаанд. Ва аммо Михаил Касянов гуфтааст, тасмим дорад, ки натоиҷи санҷишро ба чолиш бикашад. Сухангӯи ӯ ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, ки фоизи имзоҳое, ки на аз ҷониби соҳибонашон гузошта шудаанд, хеле кам будаанд.

Кумиссиюни марказии интихоботи Русия рӯзи панҷшанбе, 24 январ гуфтааст, шумори имзоҳои ба тарафдории Касянов гирдоварӣ шуда як миллиону 983 ҳазору 405 будааст. Барои қабул ба номзадӣ ҷамъоварии ду миллион имзо талаб мешавад.

Ҳамин гуна, барои курсии Владимир Путин инҳо мубориза мебаранд: Дмитрий Медведев, ки аз ҷониби ҳизби «Русияи воҳид» пешбарӣ шуда, ва аз ҷониби Ҳизби кишоварзӣ, ҳизби «Русияи одил» ва ҳизби «Нерӯи шаҳрвандӣ» тарафдорӣ дидааст, Владимир Жириновский аз Ҳизби либерал-демократӣ ва Геннадий Зюганов аз коммунистҳо. Таърихи интихоботи Русия ба дувуми март таъин шудааст.

XS
SM
MD
LG