Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор даста – муддаъиёни Ҷоми Иттиҳод-2008


Дастаҳои футболи «Пахтакор» (Узбакистон), «ФБК – Каунас» (Литва), «Хазар-Ленкоран» (Озарбойҷон) ва БАТЭ (Беларус) ба бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик роҳ ёфтанд.

«Пахтакор»-и Узбакистон дар бозии чаҳорякниҳоӣ «Вентспилс»-и Латвияро аз рӯи пенолтӣ бо натиҷаи 7:6 шикаст дод. Замони асосии ин дидор бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Воқиъан нимҳимоятгар Акмал Холматов, узви тими миллии футболи Тоҷикистон, ки имсол аз дастаи «Нефтчӣ»-и Фарғона ба тими «Пахтакор гузашт, беҳтарин бозигари ин дидор дониста шуд. Лозим ба тазаккур аст, ки дар бозии ниҳоии соли гузашта «Пахтакор» бар «Вентспилс» аз рӯи пенолтӣ бо натиҷаи 9:8 пирӯз шуда, барандаи Ҷоми иттиҳод-2007 гардида буд.
Дар се бозии дигари чаҳорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2008 «Хазар-Ленкоран» (Озарбойҷон) бар «Шериф» (Молдова) аз рӯи пенолти бо натиҷаи 5:3 (замони асосӣ - 2:2), «ФБК-Каунас» бар «Зенит»-и Санкт-Петербург (Русия) ва БАТЭ (Беларус) бар «Олимпӣ» (Гурҷистон) бо натиҷаи якхелаи 2:1 ғалаба карданд.
Ҳамин тариқ, дар ду бозии ниманиҳоӣ рӯзи 25-уми январ «Пахтакор» бо «ФБК-Каунас» ва «Хазар-Ленкоран» бо БАТЭ рақобат мекунанд.
Бозии ниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2008 рӯзи якшанбеи 27-уми январ баргузор хоҳад шуд.
Вале дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, барои панҷумин бор аст, ки дар гурӯҳи худ дар зинаи охирин ҷойгир шуда, аз идомаи мубориза барои Ҷоми Иттиҳод маҳрум мегардад.
XS
SM
MD
LG