Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтироъи киштии насли нав


Ширкати Белуга Скайселси Олмонӣ киштии наверо ихтироъ кардааст, ки қисман бо бодбон шино мекунад. Ин киштӣ, ки ҳамзамон сӯзишворӣ низ истеъмол хоҳад кард, ба зудӣ аз Олмон роҳии Венесуэла мешавад. Бодбон, ки асосан дар киштиҳои замони қадим истифода мешуд, дар киштии ҳозиразамон 160 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Муҳандисон мегӯянд, ки истифода аз бодбон дар киштии нав, мизони ихроҷи олудагиҳо ба атмосфераро бист дар сад камтар хоҳад кард. Бодбони киштӣ албатта на бо даст, балки бо барномаи махсуси компютерие идора мешавад, ки имкон медиҳад, нерӯи бод ба ҳадди аксар истифода ва суръати ҳаракати киштӣ тезтар шавад.

XS
SM
MD
LG