Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияҳо: "Вой аз ин сардиҳову, дод аз ин бебарқиҳо!"


Сардии бесобиқа дар кишвар ва камбуди шадиди барқ, ҳамчунин шӯруъи кори боз як нирӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон дар сархати нашрияҳои чопи имрӯзи Душабе қарор дорад.

Нашрияи «Миллат» бо нашри хабари оғоз ба кор кардани агрегати нахустини нирӯгоҳи Сангтуда-1 навиштааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи ин нирӯгоҳ ба мардуми кишвар ваъда дод, ки аз имрӯз ба баъд интиқоли барқ ба сокинон як соат афзоиш меёбад. Ва аммо, менависад, ин ваъдаи президент ба мардум танҳо як ваъда боқӣ монд, зеро мақомоти энержии кишвар дар аксари манотиқи кишвар бар хилоф дар ин рӯзҳои сармо меъёри интиқоли барқро шадидтар кардаанд.

Дар робита ҳамчунин иттилоъ додааст, ки қиммати барқи тавлидшудаи нирӯгоҳи Сантӯда-1-ба сокинони Тоҷикистонро ширкати РАО ЕЭС-и Русия муваққатан 3,2 дирам муқарар карда ва гуфтааст, бо шуруъи комили ин нирӯгоҳ барқи тавлидии он ба сокинони Тоҷикистон на камтар аз 3 сенти амрикоӣ ва ё 10,5 дирам муқаррар хоҳад шуд.

«Миллат» ҳамчунин дар ин шумораи худ сӯҳбати ихтисосие бо сафири Бритониё дар Тоҷикистон Грэм Лотен анҷом дода ва дар бастагӣ ба тағйиру иловаҳои ахири парлумон ба ду қонуни Тоҷикистон матлабе нашр карда навиштааст, ба моликияти хусусӣ табдил кардани замин дар Тоҷикистон хилофи сарқонуни кишвар аст.

Ҳафтаномаи русизабони «Азия плюс» аз сардии дар 25 соли ахир бесобиқаи кишвар хабар дода ва навиштааст, дар ин рӯзҳои сардтарин масъулини ширкати «Барқи тоҷик» меъёри интиқоли барқ ба сокинонро то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода ва аз мардум даъват кардаанд, ки боз ҳам таҳаммул кунанд ва дар рафъи вазъи бӯҳронии энержӣ дар Тоҷикистон танҳо ба гармшавии ҳарорати ҳаво умед банданд.

Рӯзнома афзудааст, мақомоти «Барқи тоҷик» мегӯянд, ба зимистони имсола хуб омода буданд, аммо интизор надоштанд, ки ҳарорат ба сурати бесобиқа сард мешавад. Нашрия ҳамчунин хабар додааст, меъёри шадиди барқ дар пойтахт, шаҳри Душанбе феълан ҷорӣ аст, ба гуфтаи шаҳрдори Душанбе то интиҳои моҳи январ идома хоҳад кард.

Дар зимн, нашрияи дигари русизабони «Вечерний Душанбе» навиштааст, зимистони имсола ва ширкати «Барқи тоҷик» таҳаммулпазирии мардуми Тоҷикистонро имтиҳон доранд, ки то куҷо зинда мемонанд. Ва менависад, инчунин буҳрони энержӣ дар кадом як кишвари дигари собиқ Шӯравӣ нест. Нашрия ҳамчунин хабар додааст, ки мушкили бебарқӣ дар ҷумҳурии ҳаммарзи Ӯзбакистон боиси тазоҳуроти мардум гашта ва сокинон бо нишони эътироз роҳҳо бастаанд, аммо ба фарқ аз Тоҷикистон ин эътирози мардум дар кишвари ҳамсоя бонатиҷа буда ва ба манзилҳояшон барқ додаанд.

«Вечерний Душанбе» ҳамчунин ба қавл аз иттилоъи ахири мақомоти вазорати меҳнат ҳифзи иҷтимоӣ навиштааст, феълан 50 дарсади сокинони Тоҷикистон зиндагии поинтар аз хати фақр доштаанд.

Ва ҳафтаномаи «Фараж» бо нашри чанд матлаб дар робита ба мавзӯъи рақами 1-и имрӯзи Тоҷикистон, яъне сармои шадид ва бебарқии аз он шадидтар чанд мавзӯъи муҳими дигарро матраҳ кардааст. «Фараж» аз қабристони ҷасадҳои номаълуми Перепечинскии шаҳри Маскав гузориши вижае таҳия карда навиштааст, ки дар ин қабристон шояд даҳҳо мардикори тоҷик, ки бе ному нишон ғайб задаанд ва ё соҳибонаш маблағи овардани ҷасадро надоштаанд, гӯронда шудаанд.

Нашрия ҳамчунин номаи доди масъулини Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ба унвони раисҷумҳурро нашр кардааст. Дар ин нома масъулини Иттиҳодияи синамогарон гуфтаанд, мақомоти масъули телевизиони Сафина сохтмони ин иттиҳодия, маъруф бо «Хонаи кино»-ро, ки солҳо дар он фаъолият доштаанд, аз худ карданист.

XS
SM
MD
LG