Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ба Бағдод меравад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон даъвати мақомоти Ироқ барои ташриф ба Бағдодро пазируфт. Дар ин бора як тан аз масъулини ҳукумати Ироқ хабар дод ва аммо гуфт, ки рӯзи музокироти дуҷониба ҳанӯз таъин нашудааст.

Эрон ва Ироқ солҳои ҳаштодуми қарни гузашта тайи ҳашт сол вориди даргириҳо буданд ва дар ин набардҳо аз ҳарду ҷониб тақрибан миллион нафар кушта ва маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG