Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмерт ба бӯҳрони башарӣ дар Ғаза имкон намедиҳад


Эҳуд Олмерт, сарвазири Исроил эълом дошт, ки раҳбарияти феълии Фаластин бо сарварии Маҳмуд Аббос барои музокироти сулҳ мувофиқ ва муносиб аст. Дар конфаронси солонаи сулҳ дар Ҳерзлия ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки аз жарфтар шудани бӯҳрони башарӣ дар борикаи Ғаза ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Изҳороти Олмерт ба думболи он пахш шуд, ки дирӯз даҳҳо ҳазор фаластиниҳо баъди инфиҷори девори амниятӣ аз борикаи Ғаза вориди қаламрави Миср шуданд. Борикаи Ғаза айни ҳол аз сӯи Исроил муҳосира шудааст ва дар сурати идомаи муҳосира мардуми ин минтақаро рӯзгори сангине дар пеш хоҳад буд. Исроил мегӯяд, тасмим дар бораи муҳосираи борикаи Ғаза, ки таҳти назорати ҷунбиши ҲАМОС қарор дорад, дар вокуниш ба мушакборони қаламрави кишвар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG