Пайвандҳои дастрасӣ

Руминия пулиси худро ба Косово мефиристад


Руминия эълом дошт, ки омодааст 175 корманди пулиси худро ба Косово фиристад. Онҳо ба неруҳои вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Косово шомил хоҳанд шуд. Дар ин бора Троян Бэсеску, раисиҷумҳури Руминия баъд аз мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ дар Бухарест хабар дод. Моҳи декабри соли гузашта раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дар мавриди мустақар шудани неруҳои иборат аз 1800 корманди пулис дар Косово созиш ҳосил карда буданд.

XS
SM
MD
LG