Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян "сармоягузори терроризм" боқӣ мемонад


Кореяи Шимолӣ то он замоне, ки феҳрасти комили барномаҳои ҳастаии худро пешниҳод накунад, аз рӯйхати кишварҳои сармоягузории терроризм хориҷ нахоҳад шуд. Дана Перино, намояндаи Кохи Сафед гуфт, ки Кореяи Шимолӣ бояд феҳрасти дақиқи ҳама пажуҳишҳои ҳастаии худро барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ошкор кунад. Пхенян қаблан эълом дошт, ки то рӯзи 31 декабри соли гузашта иттилоъи комил дар бораи пажуҳишҳои ҳастаии худро дар ихтиёри кишварҳои вориди музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ мегузорад ва аммо то ҳанӯз ин корро анҷом надодааст.

Соли гузашта дар натиҷаи музокироти “шашгона” – Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Ҷопон ва Чин мақомоти Пхенян бар ивази кумакҳои байнулмилалӣ кори реактори ҳастаии Ёнгбонро қатъ карда буданд.

XS
SM
MD
LG