Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон


Ба гуфтаи раиси идораи мухобироти вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон Хуршед Раҷабмаҳмадов, шумори истифодабарандагони телефони мобилӣ имрӯз дар Тоҷикистон 2 миллиону 132 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта се маротиба афзудааст. Вай афзуд, дар соли 2006 ин рақам ҳамагӣ беш аз 736 ҳазор буд.

Бино ба иттилоъи ҳамин сарчашма, дар Тоҷикистон 11 ширкати телефони мобилӣ фаъолият мекунад, ки ширкатҳои «Таком», ТТ-mobile, «Babilon-Mobile», «Индиго-Тоҷикистон», «Индиго-Сомонком», «М-Теко», «Телеком-инк», «ТК-Mobile», «Тоҷиктелеком-мобайл», «Телекомтехнолоджи» ва «Дильфон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG