Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҳамоно зидди истиқлолияти Косовост


Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия имрӯз гуфт, ки додани истиқлол ба вилояти Косовои Сербистон заминаеро фароҳам меорад, то ҷудоихоҳон дар ҳар ҷои дунё битавонанд аз он ба унвони намуна истифода кунанд. Вай зимни суханони худ дар нишасти хабарие дар Маскав гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ нагуфтааст, ки истиқлоли Косово ба Маскав баҳона мешавад, то Русия истиқлоли Абхозистон ва Осетияи Шимолӣ аз Гурҷистонро ба расмият шиносад. Вале вай изҳор дошт, ки мумкин аст аз чунин равиш дар ҷойҳои дигар истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG