Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили ислоҳотталабон барои ширкат дар интихобот


Шурои Нигаҳбони Ирон, ки аз оғоз то анҷом бар тамоми мароҳили интихоботӣ назорат мебарад, ба бештар аз нисфи номзадҳои ислоҳотталаб иҷоза надодааст дар интихоботи порламонии моҳи март ширкат кунанд. Ин нуктаро Абдуллоҳ Носирӣ-сухангуи эътилофи ислоҳотталабон дар мусоҳибае бо хабаргузории Франс Пресс изҳор доштааст. Дар ин эътилоф тақрибан 20 гуруҳи ислоҳотталаб вориданд. Дар интихоботи гузаштаи порламонӣ, ки соли 2004 баргузор шуд, муҳофизакорон пирузии чашмгир ба даст оварда буданд. Вале он вақт ширкати мардум дар интихобот камтар буд.
XS
SM
MD
LG