Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи саҳом дар Аврупо ва Осиё дубора боло меравад


Субҳи имруз дар нахустин соъатҳои муъомилот нархи саҳом дар бозорҳои аслии Аврупо боло рафт. Дар давоми ду рузи гузашта нархи саҳом ҳам дар бозорҳои Аврупо ва ҳам дар бозорҳои Осиё ба шиддат поён рафта буд. Нархи саҳом дар Фаронса тақрибан як дарсад, дар Бритонё беш аз 2 дарсад ва дар Олмон 0,6 дарсад боло рафт. Дируз Бонки Марказии Амрико нархи баҳраи худро коҳиш дод ва аз 4,25 дарсад ба 3,5 дарсад поин овард, то бад-ин тартиб битавонад аз ақабравии иқтисод пешгирӣ кунад. Баъд аз чунин иқдоми Бонки Марказии Амрико нархи саҳом акнун дар бозорҳои Осиёӣ низ боло рафтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG