Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти матбуотии изтирории шаҳрдории Душанбе


Имрӯз соати 15 дар шаҳрдории пойтахт бо ширкати раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва масъулони соҳаи барқу гармидиҳии шаҳр баргузор хоҳад шуд.
Вазъи рӯзҳои ахир дар масъалаи мушкили интиқоли барқ ба сокинони пойтахт ва ба манотиқи дигари кишвар,ҳамчунин вазъи гармидихӣ ба шаҳру навоҳӣ ҳамчунон печида ва норавшан боқӣ мондааст.
Шарҳи бархе аз идораҳои масъул нокофӣ буда, дар миёни сокинони кишвар назару гумонҳои мухталифро ба вуҷуд овардааст. Дар нишасти хабарии мазкур имкони дарёфти посухи лозима ҷой дорад.
Аз натиҷаи ин нишаст мо хабари бештаре ироъа хоҳем кард.
XS
SM
MD
LG